← globalread.info

istiklol.tj · · 0 views

Share this story

Занеро бо ваъдаи кор ба Туркия бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд

Зане аз Узбекистон, ки бо ваъдаи кори доя ба Туркия рафта буд, ҳашт сол дар таҳхона нигоҳ дошта шуда, ба танфурӯшӣ маҷбур шудааст. Ӯро, ба гуфтаи масъулони Маркази мубориза бо хариду фурӯши одамони ин кишвар, яке аз хешовандонаш бо ваъда ба хориҷ бурда, фурӯхтааст.

Зан дар тӯли ҳашт сол ба хушунат ва фишори равонӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳар боре ки ба талаботи одамрабоён муқовимат мекард, онҳо аз кӯдак барои фишор овардан ба ӯ истифода мебурданд. Гуфта мешавад, ки кӯдакро бо оби ҷӯш маҷрӯҳ мекарданд, то модарро ба итоат водор созанд.

Дар ҳамин шароити тоқатфарсо зан ду фарзанд ба дунё овардааст. Вақте ки ӯро ба ватан баргардонданд, вазнаш ҳамагӣ 32 килограмм будааст.

Дар ин муддат волидони зан, ки аз бедарак шудани духтарашон сахт ранҷ мебурданд, аз олам гузаштаанд. Бозгашти ӯ ба ватан баъди ҳашт соли асорат имкон фароҳам овардааст, ки барои наҷоти ӯ ва фарзандонаш чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҳоло зан ва фарзандонаш таҳти дастгирӣ қарор доранд. Фарзанди калонӣ ба кӯдакистон фаро гирифта шуда, барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳои фарзанди дуюм чораҳо меандешанд.

Ин ҳодиса бори дигар нишон медиҳад, ки ваъдаи кори сердаромад дар хориҷ метавонад доми хариду фурӯши одамон гардад, бахусус вақте ки инсон ба шахси наздик эътимод мекунад. Ҳашт соли зиндагии аздастрафтаи ин зан ва сарнавишти фарзандонаш ҳушдорест, ки ҳангоми пешниҳоди кор дар хориҷ бояд шароити кор, ҳуҷҷатҳо ва шахсияти корфармо бодиққат санҷида шаванд.

The full article is being collected. Available text is shown for now.

Source: istiklol.tj ↗
Share this story

Ask globalread.info

AI news & website helper
What would you like to explore?

I can find stories, explain headlines, or help you use globalread.info.

AI can make mistakes. Check the linked sources. Questions are sent to OpenAI.