ЭЪЛОН!
КОР ДАР ОЛМОН — ҲАМШИРАҲОИ ШАФҚАТ (МЕДСЕСТРА)!
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони дорои маълумоти тиббиро барои кор дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон даъват менамояд.
ВАЗИФА: ҲАМШИРАИ ШАФҚАТ (ҲАМШИРАИ ТИББӢ, МЕДСЕСТРА!)
Талабот ба довталабон:
Доштани дипломи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси ҳамшираи шафқат;
Таҷрибаи корӣ аз 2 то 3 сол;
Донистани забони олмонӣ дар сатҳи B2;
Доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилот ва таҷрибаи корӣ.
Шароити кор:
Маош: аз 2 400 евро дар як моҳ;
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоед.
Телефон барои маълумот: 225 05 75
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121.
Реҷаи корӣ: Душанбе-Ҷумъа аз 8:00 то 17:00
Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки танҳо тавассути манбаъҳои расмӣ маълумот гирифта, пеш аз тасдиқи расмии шартҳои кор аз пардохти маблағ ба миёнаравони ғайрирасмӣ худдорӣ намоянд.
The full article is being collected. Available text is shown for now.